ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0.1478 то 0.1500 сомониро ташкил медиҳад.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 9,4398 то 9,4400 сомонӣ арзёбӣ кардааст, аммо корафтодагон мегӯянд, бо ин арзиш пайдо кардани доллар ғайриимкон мебошад ва қурби аслӣ хеле болотар аз он мебошад.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 10,5924 то 10,9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Шикваи зани 75-сола аз “Агроинвестбонк”: на 2000 долларамро медиҳанду на фоизашро
Ин ниҳод таъкид намудааст, ки дар бозори расмии ғайринақдӣ имрӯз қурби 1 доллари ИМА – 9,4398 сомонӣ, 1 евро – 10,5924 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0,1478 сомониро ташкил медиҳад.
Фоиз не, пуламро диҳед: маслиҳати БМ ба модари танҳо барои пулситонӣ аз “Агроинвестбонк”
БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.