Зеленский гуфт дар ҳузури кӣ бо Путин мулоқот мекунад

Обуна шудан
Президенти Украина Владимир Зеленский ба кишвардори Русия Владимир Путин пешниҳоди "мулоқот" кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский ба президенти Русия Владимир Путин пешниҳоди дидору мулоқот кард.

Дар ин бора Зеленский дар саҳифааш дар Facebook навиштааст.

Зеленский шарти оштӣ шудани Русия ва Украинаро гуфт

"Мехоҳам ба президенти Федератсияи Русия Владимир Путин муроҷиат кунам. Мулоқот лозим аст? Лозим. Биёед баррасӣ мекунем", - навиштааст Зеленский дар муроҷиатномаи худ.

Президент Украины Владимир Зеленский  - Sputnik Тоҷикистон
Зеленский шарти оштӣ шудани Русия ва Украинаро гуфт

Зеленский қайд карда, ки дар ин мулоқот бояд президенти ИМА Доналд Трамп, канслери Олмон Ангела Меркел, президенти Фаронса Эмманюэл Макрон ва сарвазири Бритониё Тереза Мэй ҳузур дошта бошанд.

Зеленский гуфт, ки мулоқоташро бо Путин чӣ гуна оғоз хоҳад кард

Владимир Зеленский ҷойи дидорро шаҳри Минск гуфт.

"Макон?, Фикр мекунам Александр Григоревич Лукашенко мову шуморо дар Минск бо хушнудӣ мепазирад", - афзуд Зеленский.

Омодагии Зеленский барои мулоқот бо Путин

Пештар Владимир Зеленский ба кишвардори Русия Владимир Путин муроҷиат карда хоҳиш кард, ки ҷониби Русия баҳрнавардони маҳкумшударо озод кунад.

Лентаи хабарҳо
0