ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Маркази таъмирии бесарнишинони ҳавоии намуди “Орлан” тасмим гирифтааст дар Узбакистон кушода мешавад, иттилоъ додааст РИА Новости бо истинод ба сарчашмаи хабархо.
“Русия дар моҳи июли соли ҷорӣ ҳайати мутахасисонашро ба Узбакистон барои омӯзиши имкониятҳои истеҳсолии заводи таъмирии Чирчикский мефиристад. Мақсад аз ин омӯзиш бунёди Маркази таъмирии бесарнишинони ҳавоии намуди “Орлан” мебошад”, - омадааст дар иттилоия.
Аппаратҳои ҳавоии бесарнишини “Орлан-10” дар қувваҳои ҳавоии Русия зиёд истифода мешаванд. Онҳо барои бурдани назорат аз болои иншоотҳои дурдаст дар ҳама гуна шароит пешбинӣ шудаанд. Чанде пеш хабр дода буданд, ки чунин маҷмааҳои техникӣ ба пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дода мешаванд.
Ҳамчунин аз пешкаш намудани бесарнишини “Орлан-30” дар қувваҳо мусалаҳи Русия иттилоъ дода буданд.
Чихеле, ки коршиноси соҳаи авиатсияи бесарнишин Денис Федутинов ба РИА Новости шарҳ додааст маълумот дар бораи таҳвили бесарнишинони “Орлан” ба Узбакистон бештар пешкаш нагашта буд.
“Агар маълумот дар бораи нақшаҳои бунёди чунин марказ дуруст бошад, пас дар ҳолати набудани пойгоҳи низомии Русия дар Узбакистон ин амал маънои ҷузъи ягон шартнома оид ба таҳвили низом ва ё пешниҳоди хидматрасонӣ бо ёрии воситаҳои бесарнишинҳои парвозкунандаро дорад”, - гуфт коршиногс.
Бояд қайд кард, ки тасмими пешгирифтаи масъулин дар ҳоли омӯзиш аст.