ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Рӯзи 6 июл дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатӣ намоиши инфиродии аксбардори шинохтаи Тоҷикистон Заур Дахте бо унвони "Уфуқҳои дӯстӣ" ифтитоҳ ёфт.
Намоишгоҳ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи аксбардорони Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он беш аз 300 аксҳои наворбардори маъруф, суратгири мусаввир, Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ, Лауреати кинофестивалҳои байналмилалӣ Заур Дахте ба намоиш гузошта шуда буданд.
Ёвари Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ва муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Зевар Давлатзода бо сухани табрикотӣ ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба зиндагӣ ва эҷодиёти серпаҳлӯи аксбардори мусаввир Заур Дахте ибрози андеша намуданд.
"Заур Дахте дар рушди фарҳангу санъати тоҷик саҳми назаррас гузошта, имрӯз на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи мамлакат шуҳратёр гардидаанд. Аз ин хотир баргузории намоиши имрӯза хеле муҳим мебошад",-иброз дошт Масрур Абдуллозода.
Ба гузориши манбаъ, аксҳои намоишгоҳ табиати нотакрору дилфиреб, урфу одатҳои гуногун, чеҳраҳои шинохта, ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро инъикос менамоянд.
Инчунин дар намоишгоҳ аксҳои гуногун, ки суратгир зимни сафараш ба кишварҳои хориҷа бардоштааст, ҷой дода шудаанд. Гӯшаи "Аҷоиботи табиат", ки аскҳои ҷолиби ашёҳои табииро бо шакли ҳайвон ё инсон ҷамъ овардааст, низ диққати тамошобинонро ҷалб кард.
Дар гӯшаи "Санъати тасвирӣ бо дастгоҳи аккосӣ" Заур Дахте ба суратгирони ҳаваскор намунаҳои гирифтани акс ба шакли манзара ва натюрмортро нишон додаст.
Дар маросими ифтитоҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттифоқҳои эҷодӣ, рӯзноманигорону аксбардорони ҳаваскор ва ҳаводорони ҳунари аксбардори маъруф Заур Дахте иштирок намуданд.