ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ба Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ гурӯҳи зиёиён ва аҳли фарҳанг аз шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбакистон ташриф оварданд.
Нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидиро дар Лондон муаллифи сол эълон карданд
Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, зимни боздид аз осорхона гурӯҳи меҳмонон муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Узбакистонро мавриди сӯҳбат қарор дода, тавсеаи инъикоси ҳаёти фарҳангӣ дар доираи муоширати шаҳрвандони ҳар ду кишвар ва тарғиби санъати мусиқии халқию касбиро муҳокима намуданд.
Номбардорони миллат: набераи Зиёдулло Шаҳидӣ сазовори боз як ҷоиза гардид
Манбаъ афзуда, ки ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ чорабиниҳои зиёди фарҳангиро баргузор намуда, сайёҳонро аз мамлакатхои гуногуни олам қабул мекунад.
Марде, ки пеши ҳунараш ҳазорон кас сар фуруд овардааст: шоми ҳунарии Толибхон Шаҳидӣ дар Маскав