ДУШАНБЕ, 7 июл - Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар ҳамоиш бахшида ба Рузи баӣналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир дар шаҳри Хоруғ суханронӣ кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раиси ВМКБ, Файзов зимни суханронӣ гуфтааст, ки имрӯз паҳнкунандагони маводи мухаддир ба бузургтарин сармояи миллату давлати ҳар як кишвар таҳдид мекунанд.
"Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон паҳнкунандагони асосии маводи мухаддир гурӯҳҳои террористӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба ҳисоб мераванд. Чунки гардишу муомилоти маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии даромади гурӯҳҳои мазкур маҳсуб меёбад".
Ёдгор Файзов аз даст задани ҷавонон ба паҳнкунии маводи мухаддир изҳори нигаронӣ кард.
"Мутаассифона, дар аксар мавридҳо ҷавонон қурбони фиреби паҳнкунандагони маводи мухаддир мегарданд, ки ин омил ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳамарӯза дар кураи замин паҳнкунандагони маводи мухаддир зиндагии ҳазорҳо нафарро вайрон ва умри садҳо ҷавононро аз байн мебаранд".
Барои решакан намудани ин вабои аср мо сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро зарур аст, ки дастаҷамъона бо ҷавонони солимфикр бар муқобили ҳар як паҳнкунандаи маводи мухаддир муборизаи беамон барем.