ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Попи Рум Франсиск 1 фитаи филми "Гуноҳ"-и коргардон Андрей Кончаловскийро ҳадя кард.
Ӯ ҳангоми ҳадяи тӯҳфааш ба поп гуфт, ки умед дорад, ӯ барои тамошои ин филм вақт меёбад.
Афзун бар ин, Путин ба Франсиск 1 китоби аксҳо аз наворгирии филм ва иконаи Перт ва Павлро ҳадя кардааст.
Попи Рум низ ба Путин акси ҳаккокишудаи майдони Петр, ки онро наққоши италянӣ дар соли 1774 иҷро кардааст, тӯҳфа намуд.
Ёдрас мешавем, президенти Русия Владимир Путин 4 июл бо сафари корӣ ба Италия рафт. Дар ҳошияи сафараш раисҷумҳур бо Попи Рум Франсиск 1 дар китобхонаи поп дар қасри Аплстол ҳудуди як соат мулоқот кард.
Филми "Гуноҳ" ("Грех")- и коргардон Анлрей Кончаловский соли гузашта ба навор гирифта шуд. Филм ба ҳаёти ҳайкалтарош ва рассоми машҳур Микеланджело Буонарроти бахшида шудааст.