Ҳикматуллозода ва Ҳумоюнӣ густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

© МИД РТНематулло Хикматуллозода на открытие министерского сегмента Политического форума 2017 года
Нематулло Хикматуллозода на открытие министерского сегмента Политического форума 2017 года  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмӣ, вазири молия ва намояндаи махсуси раисиҷумҳури Афғонистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мулоқоти Ҳикматуллозода бо Қаюмӣ, ки инчунин мақоми мушовири аршади раисиҷумҳури Афғонистонро дорад, 4 июл дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Встреча Министра иностранных дел Таджикистана со Специальным представителем Президента России по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Кабул Замиров бо Сироҷиддин Муҳриддин дар Душанбе

“Ҷонибҳо дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла рушди гардиши савдои хориҷӣ, ҷоннок намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёт ва имконияти транзитӣ, энергетика ва пружаҳои энергетикӣ, саноат ва таъсиси корхонаҳои муштарак, сармоягузорӣ ва ҷалби соҳибкорон дар Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайра суҳбат намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар поёни вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда баён карданд.

Ҳайати баландпояи мақомоти Афғонистон, таҳти роҳбарии Қаюмӣ барои иштирок дар ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии байниҳукуматии Тоҷикистон ва Афғонистон ба Душанбе омаданд.

Ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии байниҳукуматии Тоҷикистон ва Афғонистон 4 ва 5 июл дар Душанбе баргузор мегардад.

Ҳайати Тоҷикистонро дар кори ҷаласаи дурӯза вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода роҳбарӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0