Имрӯз дар Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешДевушки на улице Пенджикента, архивное фото
Девушки на улице Пенджикента, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба аҳолии мамлакат тавсия дода мешавад, ки аз гаштугузор дар ҳавои кушод худдорӣ намоянд.

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво баланд шуда, давраи гармӣ ва баландшавии ифлосшавии ҳавои атмосферӣ  пешбинӣ шудааст. Дар  шаҳри Душанбе моддаҳои муаллақ (чанг) ва РМ-10 (заррачаҳои қутрашон 10 микрон) мушоҳида мегарданд.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Манбаъ огоҳ менамояд, ки ин гуна ҳаво  ба кӯдакон ва пиронсолоне, ки  ба бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва системаи дилу рагҳо мубтало мебошанд, таъсири худро мерасонад. Аз ин рӯ ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ аз таъсири манфии гармӣ ва ифлосшавии ҳаво ба аҳолии мамлакат тавсия дода мешавад, ки аз гаштугузор дар ҳавои кушод худдорӣ намоянд. Аз  соати 11:00 то 17:00  бе зарурат сайругашт накунанд. Қитъаҳои наздик ба шоҳроҳҳои автомобилгард, ҳангоми ҳаракати пуршиддати нақлиёт (махсусан дар минтақаҳои паст ва вазиши ками ҳаво мавҷудбуда) барои саломатии инсон хатарнок мебошанд.

На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдор: имрӯз ҳаво дар Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1+6 ва  рӯзона 15+20 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати  10-15 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва   рӯзона    20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо  суръати 3-8 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 16+21  ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе  бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 16+18 ва  рӯзона 35+37  дараҷа гарм мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0