ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, маблағи умумии лоиҳаи “Корвони саломатӣ” 2 миллиону 60 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
“Аз он 2 000 000 доллари амрикоӣ гранти маблағҳои Фонди Авруосиёгии устуворӣ ва рушд ва 60 000 доллари амрикоӣ ҳамчун саҳми Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои пешбиншудаи соҳаи тандурустӣ мебошад”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи “Корвони саломатӣ” хариди мошинҳои сайёрӣ-мобилӣ, ки аз чор модул иборат аст, ба нақша гирифта шудааст.
“Мошинҳои сайёрӣ-мобилӣ аз се маҷмӯаи тиббӣ ва автобуси вахтавӣ иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили таҷҳизоти ренгтенӣ, флюрографӣ, ташхисӣ, стоматологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ таҷҳизонида шудаанд”, - таъкид кард Вазорати молия.
Ин ниҳод мақсади асосии лоиҳаро пешгирӣ ва ошкор намудани бемориҳо дар байни аҳолии деҳот ва маҳаллаҳои дурдаст арзёбӣ кардааст.
Масъулин муътақиданд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки сатҳи сиҳатии аҳолии кишвар ва пешгирии гирифторшавии аҳолӣ ба маризиву бемориҳои мухталиф, инчунин баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа таъмин карда шавад.