ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Мэтю Лоусон, сафири навтаъини Британияи Кабир ва Ирландияи шимолӣ дар Душанбе ҳафтаи равон нусхаи эътимодномаашро ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.
Манбаъ афзуд, ки баъд аз маросими эътимодномасупорӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабиру Ирландияи Шимолиро баррасӣ намуданд.
Музаффар Ҳусейнзода ба Метю Лоусон барои анҷоми рисолати муҳими дипломатиаш муваффақият орзу намудааст.
Лоусон дар ин мақом Ҳю Стэнли Филпоттро иваз мекунад, ки аз аввали соли 2015 дар мақоми сафири Британияи Кабир ва Ирландияи шимолӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекард.
Метю Ричард Лоусон солҳои 2015- 2018 дар ҳайати намояндагии дипломатӣ дар Сараева Оттава фаъолият дошта, ба иттилои сомонаи Ҳукумати Бритониёи Кабир аз соли 2018 инҷониб машқи забони русӣ ва тоҷикӣ мекард.