Дар Хуҷанд занони роҳбарро омода мекунанд

© Sputnik / Сергей СубботинПортфели, архивное фото
Портфели, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати вилояти Суғд аз оғози давраҳои омӯзишӣ барои тайёр кардани занони роҳбар хабар додаааст

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти Суғд, давраи омӯзишӣ 2 - юми июли соли равон дар толори “Кохи матбуот” - и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Зан – сарвар” оғоз гардид.

Наврузовский карнавал в Нуреке - Sputnik Тоҷикистон
Дар Суғд 6733 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд

Манбаъ афзуд, ки дар маросими оғози омӯзиш, Назира Ғаффорӣ - муовини раиси вилояти Суғд, Ҷумъа Давлатзода, мудири Ожонси хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон ва дигар намояндагони мақомоти давлатию ташкилотҳои хориҷӣ иштирок доштанд.

“Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президент дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президент ва намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ аз рӯйи барномаи “Зан – сарвар” курси омӯзиши дуалиро бо мақсади омода кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ доир намудааст, ки марҳала ба марҳала татбиқ мегардад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки курси мазкур бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, марҳалаи аввали он аз санаи 2 то 11-уми июли соли 2019 давом мекунад.

Лентаи хабарҳо
0