Вокуниши Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба танқиди фоизҳои баланди бонкҳо

© Пресс-служба президента РТНурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото
Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон решаи мушкилоти бонкҳои кишварро дар омилҳои хориҷӣ гуфта, иттилоъ додааст, ки фоизи қарзҳои бонкӣ имсол нисбати соли гузашта поинтар мебошанд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Нурмаҳмадзода дар вокуниш ба як матлаби интиқодии рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар бораи фоизҳои баланди қарзҳои бонкӣ дар кишвар изҳор доштааст, ки идома ёфтани буҳрони геосиёсӣ – иқтисодӣ ва ноустувор гардидани вазъи молиявӣ дар ҷаҳон, бахусус дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ, ба соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба низоми бонкӣ низ, таъсири манфӣ расонд.

Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
“Казкоммерстбонк” ба “Халиқ Бонк Тоҷикистон” табдил ёфт

“Айни замон ин боиси коста шудани имкониятҳои қарзбаргардонии муштариён, афзоиши сатҳи қарзҳои барнагаштаи бонкҳо ва нисбатан кам шудани ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо гардид.
Дар ин ҳол аз як тараф имконияти пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ ба иқтисодиёт коҳиш ёфта, аз тарафи дигар бошад, барои паст кардани фоизҳои қарз мушкилиҳои зиёд пеш омаданд”, - изҳор дошт раиси БМТ.

Ӯ афзудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо як мактуб ба ташкилотҳои қарзии кишвар, барои аз байн бурдани монеаҳои сунъӣ, аз қабили дархости ҳуҷҷатҳои зиёдатие, ки ҷамъоварии онҳо барои муштариён вақти зиёдро талаб менамояд ва сода кардани тартиби додани қарз, бо назардошти ба инобат гирифтани хавфҳои бонкӣ, тавсияҳои судманд додааст.

Муродали Алимардон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фоиз не, пуламро диҳед: маслиҳати БМ ба модари танҳо барои пулситонӣ аз “Агроинвестбонк”

Нурмаҳмадзода зикр кардааст, ки меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо асъори хориҷӣ дар охири моҳи апрели соли равон 15,6 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 ба миқдори 1,8 банди фоизӣ паст мебошад.

“Меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо пули миллӣ дар охири моҳи апрели соли равон 25,5 фоизро ташкил намуд, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ҳудуди 3,3 банди фоизӣ кам шудааст”, - изҳор доштааст ӯ.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, иқрор шудааст, ки ҳолати мазкур ҳоло ҳам қонеъкунанда нест ва Бонки миллии Тоҷикистон дар самти мазкур якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ барои ноил гардидан ба мақсади гузошташуда корҳои заруриро идома медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0