Путин шартномаи маҳви ракетаҳоро бекор кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин дар Думаи давлатии Русия қонун дар бораи бекор кардани Паймони манъи мушакҳои ҳавоии миёнбурдро (ПММҲМ) ба имзо расонд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Владимир Путин роҳбари Русия қонун дар бораи бекор кардани Паймони манъи мушакҳои ҳавоии миёнбурдро (ПММҲМ) ба имзо расонд.

Рабочий визит президента РФ В. Путина в Японию для участия в саммите Группы двадцати - Sputnik Тоҷикистон
Трамп гуфт Путин "бачаи зӯр" аст

Санади мазкур дар сомонаи расмии маълумоти ҳуқуқӣ интишор шудааст.

“Бекор кардани паймони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи манъи мушакҳои ҳавоии миёнбурд, ки 8 декабри соли 1987 дар шаҳри Вашингтон ба имзо расида буд”, - омадааст дар қонуне, ки аз ҷониби Путин ба имзо расидааст.

Роҳбари кишвар алакай дар моҳи май ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонуни дар бораи манъи мушакҳои ҳавоии миёнбурд тағйиру иловаҳо ворид карда буд. Ин  қонунро Думаи давлатӣ 18 июн ва Шӯрои Федератсия Федератсияи Русия бошад 26 июн нисбати ин қонун розигиашро додааст.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи октябри соли 2018 президенти Амрико Доналд Трамп дар бораи баромади кишвараш аз Паймони манъи мушакҳои ҳавоии миёнбурд бо Русия хабар дода буд. Он вақт Трамп мақомоти Маскавро бо ҷурми риоя накардани ин паймон мутаҳам карда буд.

Чанде пас Владимир Путин қайд карда буд, ки Русия ба ҳаракатҳои Амрико мисли худи ӯ ҷавоб медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0