Шаби 2 ба 3 июли соли равон мардум аз ҳама гушаю канори дунё ҳодисаи офтобгириро мушоҳида намуданд.
Новобаста аз он, ки ҳодисаи офтобгири дер давом накард – ҳамагӣ 4 дақиқа, аммо одамон аз минтақаҳои гуногуни дунё тавонистанд инро бубинанд.
Ҳолати офтобгириро аз ҳама беҳтар дар Чили, Аргентина ва қисмати Ҷануби-Шарқии уқёнуси Ором мушоҳида кардан мумкин будааст. Мусофирони хатсайри Буэнос-Айрес – Сан Хуан тавонистаанд воқеаи офтобгириро мушоҳида намуда ҳаловат баранд.
“Чӣ зебоии нотакроре”, “онро тасвир кардан имкон надорад”, “ман ба чашмонам бовар намекунам” – мусофирон чунин гуфтаанд аз мушоҳидаҳояшон.
Обтобгирӣ аз 7,5 дақиқа зиёд давом намекунад ва дар ин муддат сояи моҳ дар бо суръати 1 километр дар як соат ҳаракат мекунад. Ҳаҷми моҳ 270 километрро ташкил карда, роҳи 15 ҳазор километриро тай мекунад.
Офтобгири ҳодисаи табии буда зиёд ба мушоҳида мерасад. Масалан, танҳо дар соли 2019 ин ҳодиса 3 маротиба – 6 январ, 2 июн ва 26 декабр ба мушоҳида мерасад.
Якумаш, пурра набуд, дуюмаш пурра буд, аз ҳама аҷибаш сеюмаш мешавад.