Номаи раиси шаҳри Хуҷанд ба ҳамтои белорусаш

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ҳамтои белорусаш раиси шаҳри Могилев Владимир Сумарев номаи шодбошӣ ирсол кард

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бародаршаҳри Хуҷанд- шаҳри Могилеви ҷумҳурии Белорусия 752 солагии хешро таҷлил намуд.

Ин тантанаи идона дар Рӯзи шаҳри Могилев дар маркази маъмурии вилояти Могилев бо барномаи театрикунонидашуда таҳти унвони "Аз сидқи дил бо ту ҳастем, шаҳри азиз" сурат гирифт, хабар медиҳад шаҳрдории Хуҷанд.

Дар тантанаҳои идонаи Рӯзи шаҳри Могилев Музаффар Раҳимхоҷаев, мудири бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва соҳибкори ватанӣ Шӯҳратҷон Юлдошев ширкат варзиданд.

Отдых президентов России, Беларуси и Таджикистана на природе в Минске - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи истироҳатии Раҳмон дар Минск ва парвоз ба Ватан - видео

Музаффар Раҳимхоҷаев, мудири бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 752 солагии шаҳри Могилев иштирок намуда, номаи шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи шаҳри Могилев ироа намуд.

"Тамоми мардуми барродаршаҳри Могилевро ба муносибати 752 солагиашон аз номи худ мардуми Хуҷандшаҳри бостонӣ табрику таҳният гуфта, барояшон ободии бардавом, шукуфоӣ ва рушду инкишофи тозаро орзумандам. Шаҳри Могилев ва сокинони он дорои таърихи шӯҳрат, анъанаҳои қадима, дастовардҳо ва ояндаи дурахшон дорад", - омадааст дар нома.

Дар идомаи барқияи шодбошӣ раиси шаҳри Хуҷанд гуфтааст, ки "шаҳри шумо, пеш аз ҳама таърихи сокинони он аст, ки дар тӯли беш аз 7 аср аз тарафи заҳматкашони он нақши муҳим мебозанд. Шаҳрдорони бонуфузи Могилев шаҳрро бо кори худ, меҳнатдӯстиву душвориҳо, дастовардҳо дар ҳамаи соҳаҳо ифтихор мекарданд".

Манбаъ афзуда, ки раиси шаҳри Могилев Владимир Сумарев аз ин таваҷҷуҳи раиси бародаршаҳри Хуҷанд фараҳманд гардида, миннатдории хешро изҳор намудааст.

Лентаи хабарҳо
0