Дар Ироқ қасри давраи асри бринҷиро пайдо карданд - Видео

Обуна шудан
Бостоншиносони олмонӣ ва курд дар соҳили дарёи Даҷла дар Курдистони Ироқ қасри давраи асри биринҷиро пайдо карданд

Тирамоҳи гузашта сатҳи об дар обанбори Мосул пост шуд, ки дар натиҷа боқимондаҳои шаҳри куҳан, ки зери об будааст, намоён шуданд. Бостоншиносон оҷилан ба ҳафриёти археологии ин бозёфт оғоз карданд.

Коршиносон ба наздикӣ акси ҳафриётҳои пайдокардаашонро дар қасри қадим нашр карданд.

Бино бар иттилои олимон, қаср ба асрҳои 15-14-и пеш аз мелод тааллуқ дорад.

Димнаи қалъа то баландии наздики 7 метр ҳифз шудааст. Дар дохили қаср он ҳашт ҳуҷраро муайян карданд.

Феълан бозёфтҳои дигари олимон аз ин макон омӯхта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0