Мавқеи Тоҷикистон дар Феҳристи шиносномаҳо поёнтар шуд

© SputnikЗаграничный биометрический паспорт гражданина РТ
Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар гузориши ширкати байналмилалии таҳлилии Henley&Partners бо шиносномаи тоҷикӣ метавон бидуни раводид танҳо ба 57 кишвар сафар кард

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Мавқеи Тоҷикистон дар Феҳристи шиноснома-2019 каме поён рафт, гуфта мешавад дар гузориши пойгоҳи таҳлилии Henley&Partners.

Бино бар гузориши пойгоҳ, шиносномаи Тоҷикистон дар раддабандии мазкур дар хатти 87-ум қарор дорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба 57 кишвари дунё сафар кунанд.

Обложка паспорта РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шиноснома 5 сомонӣ бошаду ивазкунӣ – 1 рӯз: пешниҳоди вакили парлумони Тоҷикистон

Ёдрас мешавем, тирамоҳи соли гузашта Тоҷикистон дар хатти 83-уми раддабандии мазкур қарор дошт ва шаҳрвандони кишвар метавнистанд ба шиносномаи тоҷикӣ ба 58 кишвари дунё сафар кунанд.

Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар феҳристи соли 2019 Тоҷикистон аз Узбакистон пешсаф аст. Ҳамсоякишвар дар ин феҳрист мавқеи 88-умро гирифта, як хат аз Тоҷикистон поёнтар қарор гирифтааст.

Байни кишварҳои Осиёи Миёна мавқеи болотаринро Қазоқистон дорад. Кишвар дар хатти 69-ум қарор дорад ва шаҳрвандонаш ба 75 кишвар метавонанд бидуни раводид сафар кунанд.

Лекин ҷои  Туркманистон дар феҳрист дар хатти 91-ум аст. Бо шиносномаи ин кишвар метавон ба 51 давлат бидуни раводид сафар кард.

Феҳристи шиносномаҳо аз соли 2006 инҷониб мунташир мешавад.

Лентаи хабарҳо
0