Рустам Эмомалӣ дар қароре гуфт, ки кадом кӯчаҳои Душанбе беоб мемонанд

© PixabayКран в ванной комнате, архивное фото
Кран в ванной комнате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интиқоли об ба муддати як шабонарӯз дар шаш кӯчаи пойтахт муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора қарори раиси шаҳр ба тасвиб расида, сабаби он пайваст намудани шоҳқубур дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Аз  соати 23:00 севуми июл то соати 24:00 чоруми июл дар шаш кӯчаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора дар қарори Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе гуфта мешавад.

Водопроводный кран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эълони шаҳрдорӣ: қатъи обрасонӣ ба 2 ноҳияи Душанбе барои тармими қубури калон

Бино бар иттилои шаҳрдорӣ, дар робита бо пайваст кардани шоҳқубуре дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ин иқдом амалӣ хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, кӯчаҳои Ҳабиб Аҳрорӣ, Абдулло Камандир, Шероз, Шевченко, Бухоро, хонаҳои 1-28 ва Ҳабибулло Назарови пойтахт як шабонурӯз бе оби нӯшокӣ мемонанд.

Кӯчаҳои мазкур тариқи мошинҳои обкашӣ бо об таъмин хоҳанд шуд.

Рустам Эмомалӣ ба бизнеси ширии Наврӯз Комилов дар ҳудуди Душанбе иҷозат дод

" Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва директори Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд", - омадааст дар банди севуми қарори раиси шаҳр.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ӯҳдадор шудааст, ки  ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Лентаи хабарҳо
0