Талоши Эрон барои тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарӣ

© SputnikФлаги Ирана и Таджикистана, архивное фото
Флаги Ирана и Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Эрон барои афзоиши рафтуомад ва тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарӣ музокира ва эъломи омодагӣ карданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Муовини гардишгарии Созмони мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон гуфтааст, ки дар соли 2017 ҷамъияти беш аз 4993 нафар аз Тоҷикистон ба Эрон сафар карданд, ки дар соли 2018 ин теъдод 9 дарсад коҳиш ёфт ва ба адади 4085 нафар расид, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday дар истинод ба хабаргузории ИСНА.

Рӯшноӣ дар охири нақб: бунёди “Истиқлол” ним соли дигар идома мекунад - Sputnik Тоҷикистон
Эрон маблағгузории нақби "Истиқлол"- ро аз сар мегирад

Ҳамчунин дар соли 2017 аз Эрон 6261 нафар ба Тоҷикистон сафар карда буданд, ки дар соли 1397 сафари эрониҳо ба ин кишвар 14 дарсад уфт кард ва омори мусофирони эронӣ дар Тоҷикистон ба 4853 нафар расид.

Валии Темурӣ, муовини Созмони мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИСНО аз алоқамандии тоҷикҳо барои афзоиши рафтуомадҳои гардишгарӣ сухан гуфт ва афзуд, музокироте бо муовини гардишгарии Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкориҳо, бо таваҷҷуҳ ба иштирокоти фарҳангии ду кишвар сурат гирифтааст. Тоҷикистон бисёр алоқаманд аст рафтуомади гардишгарони ду кишвар бештар шавад.

Муовини гардишгарии Созмони мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон бо вуҷуди он ки муътақид аст дар оянда табодулоти гардишгарии ду кишвар афзоиш хоҳад ёфт, ноҳамхонии хатти навиштории Эрон ва Тоҷикистонро мушкили умдае дар суръати ба натиҷа расидани таомулот донист.

“Дуруст аст, ки забони ду кишвар форсӣ аст, аммо хатти навиштории онҳо бо форсии мо фарқ дорад, барои ҳамин ақломи таблиғотии мавҷуд дар Тоҷикистон қобили истифода нест ва лозим аст маҳсулоти таблиғотии тозае бо хатти навиштории тоҷикҳо дошта бошем”,- зикр намуд Валии Темурӣ.

Президент Исламской Республики Иран Хасан Роухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳои баланди президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон

“Тоҷикистон ҷузви бозорҳои дар авлавияти нахусти гардишгарӣ набуда ва ҳадафи аслии Эрон барои ҷазби гардишгар нест, барои ҳамин ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бо эҷоди тасҳилот ва сабукӣ додан дар судури виза, мисли лағв ва ё ҳатто коҳиши ҳазинаи он, хуруҷ аз Эрон ба самти кишвари муқобил бештар шавад. Бинобарин дар музокира бо мақоми гардишгарии Тоҷикистон таъкид шуд, ки дар гоми нахуст ба муаррифии Эрон ва баргузории турҳои ошносозӣ барои расонаҳо ва фаъолони гардишгарии ин кишвар бипардозем. Аз ҳайати гардишгарии ин кишвар, ки алоқаманд ба тавсеаи равобити гардишгарӣ буд, низ даъват шуд ба Эрон сафаре дошта бошанд, ки аз он истиқбол шуд”, - афзуд вай.

Темурӣ гуфт, тарафи тоҷик алоқаманд буд аз таҷрибаи Эрон дар гардишгарӣ ва ба вижа омӯзиш баҳра бибарад, ки барои ҳамкорӣ дар ин бахш музокироте сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0