ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Кормандони милитсия зани 25-солаи сокини ноҳияи Муъминободро бо гумони хариду фурӯши ноболиғ дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Тавре манбаъ қайд намудааст, номбурда тасмим доштааст тифли навзодашро бо маслиҳати пешакӣ бо зани 44-сола бар ивази 1050 сомонӣ фурӯшад.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид намудааст, ки номбурда, 9-уми июни соли равон, дар таваллудхонаи марказии шаҳри Кулоб тифли навзод ҷинсаш мард таваллуд карда, баъдан бо маслиҳати пешакӣ бо зани 44-солаи сокини ноҳияи Восеъ, тифли навзодашро ба маблағи 1050-сомонӣ ба зани 57-солаи сокини ноҳияи Муъминобод, фурӯхтаанд.
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, корҳои тафтишотиро идома доранд.