ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik, Лев Рижков. Сабти нодиреро, ки дар он садои сардафтари адабиёти советии тоҷик, устод Садриддин Айнӣ сабт шудааст, аз ҷониби мусиқинавоз, мусиқидӯст, роҳбари рок-клуби Душанбе Ҷек Рок рақамгузорӣ шудааст. Ин сабт бдар соли 1953 рақамгузорӣ карда шудааст.
Ин охирон сабти овозии Садриддин Айнӣ мебошад ва баъди чанде дар соли 1954 устод аз олам даргузашт.
Хабарнигори Sputnik маълум кард, ки чигуна сабти овозии устод Айнӣ дастрасӣ ҳаводорон гаштааст.
Овози Садриддин Айнӣ аз солҳои 50-уми асри гузашта
Пайдошавии сабти устод Садриддин Айнӣ бо он алоқаманд аст, ки ба дасти колексионнери фиттаҳои виниловӣ аз Санкт-Петербург, Юрий Виноградов якчанд сабти мардуми тоҷик, ки дар фиттаҳои даврони шӯрави нигоҳдорӣ мешудаанд, расид.
“Юрий бо ман дар алоқа шуда, хоҳиш кард, ки аз маълумотҳои зерин дидан кунам ва сифати сабти овозиашонро баҳо диҳам, - гуфт Ҷек Рок. Дар ин колексияҳо якчанд чизҳои нодир пайдо шуд. Аз ҷумла фиттаи сабти овозии Садриддин Айнӣ пайдо шуд. Ин он қадар нодир буд, ки ҳатто дар рӯйхати сабтҳои нодир ҷой надошт. Вақте, ки хостам дар ин бора дар интернет маълумоте пайдо кунам чизе пайдо накардам”.
Фиттаи ёфтшуда яктарафа мебошад, ки онҳо хеле кам во мехӯранд. Сабтҳо каме зиёдтар аз 5 дақиқа мебошанд.
“Ман бисёр хурсанд будам аз пайдо кардани ин мавод, - мегуяд Ҷек. Аммо бештар аз он дар ҳайрат будам, ки ин мавод дар заводи Апрелии вилояти Маскав сабт шуда буд, на аз ҷониби заводи грампластинкаи Тошканд ба номи Тошмуҳаммадов. Сабт дар соли 1953 омода шудааст. Заводи ба номи Тошмуҳаммадов то ин замон алакай 8 сол инҷониб фаъолият дошт”.
Ҳолати футта ба гуфтаи Ҷек хуб буд, ки ин ҳам кам ба назар мерасад.
Забони зебо ва ҷазоби устод Айнӣ
“Садриддин Айнӣ, махсусан он шахсиятест, ки дар аввали асри ХХ меъёрҳои забони адабии миллати тоҷикро ба танзим дароварда буд, - мегуяд ин марди мусиқинавоз. Метавон ба он гӯш андохт, ки забони тоҷикӣ дар солҳои 50-уми асри ХХ чи гуна садо медод. Тайи 65 сол инҷониб баъди ин сабт забони тоҷикӣ тағйир ёфтааст. Бисёр шеваҳои гуногун ва калимаҳои нав пайдо шудаанд, аммо забони устод Айнӣ ҷаззоб аст”.
Айнӣ барои миллати тоҷик як шахсияти такрорнашаванда ба ҳисоб меравад. Айнӣ дар ин сатрҳо низ ба сӯи миллати тоҷик муроҷиат карда сухан меронад.
“Ман фикр мекунам, ки чӣ ба ҷавонон ва чӣ ба шахсони калонсоле, ки эҷодиёти Айниро хондаанд писанд аст шунидани суханронӣ ва фикрронии худи Айнӣ, мегуяд Ҷек Рок. Онҳое, ки ашъори ӯро нахондаанд ва хонданро дӯст намедоранд, онҳо низ албатта мехоҳанд шунаванд, ки забони адабии тоҷик дар он даврон чӣ гуна садо медод”.