Дар Доғистон нимпайкараи Ҳофизи Шерозӣ гузошта шуд

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкГород Махачкала, столица Республики Дагестан
Город Махачкала, столица Республики Дагестан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маросими пардабардории нимпайкараи Ҳофизи Шерозӣ дар шаҳри Махачқалъа баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти Ҷумҳурии Доғистон дар Донишгоҳи давлатӣ маросими рӯнамоии нимпайкараи Ҳофизи Шерозӣ, шоири шаҳири адабиёти форс баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Сафорати Эрон дар Русия.

Флаги Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хуҷанд пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ ва қаҳрамонҳояш қомат афрохт

Бино бар иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи нимпайкара Меҳдӣ Саноӣ, сафири Эрон дар Русия, Уммуфозил Умаров, муовини сарвазир ва вазири маорифу илми Доғистон ва Муҳаммад Аҳмадов, раиси Иттифоқи нависандагони Доғистон ширкат намуданд.

Дар ин ҳамоиш аз Ҳофизи Шерозӣ ба унвони шоири маъруф, қории Қуръон, донишманди аҳодису тафсир ва фиқҳ ситоиш шуд.

Ба гуфтаи Меҳдӣ Саноӣ, сафири Эрон дар Русия, ин нахустин муҷассамаи шоирони классики форс аст, ки дар Махачқалъа ифтитоҳ гардид.

Инчунин вай афзуд, ки қарор аст, боз ду муҷассамаи дигари шоирони форс дар шаҳрҳои Русия ифтитоҳ шавад.

Лентаи хабарҳо
0