ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, эҳтимол меравад, ки ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар соатҳои нисфирӯзӣ баланд шуда, дар водиҳои вилояти Хатлон то +45 дараҷа гарм ва дар водиҳои вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ то 40+42 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ. Манбаъ афзуд, ки дар ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1+4 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.