Куҷо биравем: Раҳмон роҳро ба Путин ва Лукашенко нишон дод – видеои мулоқоти ғайрирасмӣ

Обуна шудан
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Белорус навори мулоқоти ғайрирасмии Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ва Александр Лукашенко, роҳбарони Тоҷикистон, Русия ва Белорусро нашр кардааст

Дар навор сайругашти роҳбарон ва бо роҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон гирди мизи пур аз мева ҷамъ омадани президентҳо сабт гардидааст.

Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Россия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Александр Лукашенко ва Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Путин ҳам галстукашро кашид: мулоқоти ғайрирасмӣ ва ғизохӯрии се президент - аксҳо

Қаблан дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки  мулоқоти сеҷонибаи ғайрирасмӣ 30 июн дар шаҳри Минск баргузор гардид.

“Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалии ИДМ, СААД ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор дода шуд”, - омадааст дар иттилоияи котиботи Эмомалӣ Раҳмон.

Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба Александр Лукашенко ва Ҳукумати ин кишвар барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани Бозиҳои дуюми аврупоӣ, ки шоми рӯзи 30 июн ҷамъбаст мегардад, баҳои баланд доданд.

Котиботи Эмомалӣ Раҳмон, гуфт, дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима карда шуд, аммо тафсилоти дигар ироа нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0