Ғаффоров барӯйхатгирии аҳолӣ ва суол аз динро шарҳ дод

© SputnikАбдухалим Гаффоров
Абдухалим Гаффоров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон барӯйхатгирии сартосарии аҳолии кишвару ҳолати зиндагияшонро, ки соли 2020 дар назар аст, барои таҳия ва татбиқи барномаҳои рушд бисёр муҳим хонд

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ғаффоров изҳор дошт, ки дар варақаи барӯйхатгирӣ ҳамчунин суолҳо аз вазъи зиндагӣ шомил хоҳанд шуд, ки нуқта ба нуқта сабт мегардад.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи Расулзода: дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор мешавад

“Дақиқ ҳисоб карда мешавад, ки ҳамин қадар аҳолӣ дорему даркадом ҳолат зиндагӣ мекунанд. Ҳар қадаре омор дурусту саҳеҳ бошад, минбаъда барномаҳои иқтисодию иҷтимоии худро ҳамон қадар саҳеҳу дуруст таҳия ва татбиқ мекунем. Ин барояи ояндаи кишвар бисёр муҳим мебошад”, - изҳор дошт Ғаффоров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Раиси ҲСТ ва вакил Миралӣ Достизода муаллифони тағйирот ба қонун “Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ” мебошанд, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қабул гардид.

Абдуҳалим Ғаффоров зимни муаррифии тағйироти мазкур аз ҷумла изҳор дошт, ки барои пуррагардонии варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ба моддаи 6 сархати панҷум бо мазмуни – “пайравӣ ба дин” илова карда шуд.

Ғаффоров дар суҳбат ба Sputnik ин бандро тавзеҳ дода, гуфт, ки зимни барӯйхатгирии аҳолӣ баробари бахшҳои дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон суол карда хоҳад шуд, ки кадом динро пайравӣ мекунанд.  Ӯ гуфт, баробари дини Ислом дар Тоҷикистон пайравони динҳои дигар низ иқомат доранд ва ҳадаф комил кардани омор мебошад.

Верующий на намазе в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пайравӣ аз дин: банди нав дар варақаи барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон дар соли 2020

Ғаффоров таъкид намуд, ки бар асоси қонунгузории кишвар пайравӣ аз ин ё он дин, ё умуман пайравӣ накардан ҳуқуқи инфиродии ҳар шахс буда, ин масъала озод мебошад.

Ӯ афзуд, ки дар варақаҳои барӯйхатгирӣ танҳо ба таври рӯшантар масъалаи пайравӣ аз дин илова карда шуд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ дар кишвар соли 2020 гузаронда мешавад. Ба рӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон ҳар даҳ сол як бор гузаронда мешавад.

Тавре Ожонсии омори Тоҷикистон хабар додааст соли 2020 барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор мегардад. Вобаста ба ин маъракаи муҳим бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон комиссияи давлатӣ таъсис дода шудааст ва омодагиҳо ба ин маърака ҷараён дорад.

Лентаи хабарҳо
0