Дӯстона бояд зист: ҳунармандони тоҷику қирғиз дар Воруху Ботканд филми муштарак сохтанд

© Фото : Илья Буяновский Главная улица кишлака Ворух, архивное фото
Главная улица кишлака Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коргардони қирғиз, сенариянависи тоҷик ва ҳунармандони Тоҷикистону Қирғизистон дар марзи ду кишвар филми муштарак омода мекунанд. Он аз мардуми ду кишвар даъват мекунад, ки дар фазои сулҳу дӯстӣ зиндагӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ҳунармандони Тоҷикистону Қирғизистон филми муштараке бо номи "Чиро фаромӯш кардам?" омода мекунанд, гузориш медиҳад "Падида".

Бино бар иттилои манбаъ, филм ҳам дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - деҳаи Ворух ва минтақаи Ботканд ба навор гирифта шуда, коргардони қирғиз ва сенариянависӣ тоҷик дар он саҳм гузоштаанд.

В селе Кара-Бак на кыргызско-таджикской границе собрались местные жители с требованием выставить военнослужащих возле кладбища - Sputnik Тоҷикистон
Воридшавии ғайриқонунии 200 қирғиз ба Исфара ва тирпарронии огоҳкунандаи марзбонони тоҷик

"Чиро ман фаромӯш кардам?"-ро "Қирғизфилм" таҳия мекунад, ки ба он актёрҳои тоҷик, аз қабили Умаралӣ Сатторов, Фарҳод Сиддиқов, Наимҷон Мирзобобоев ва Фариштамоҳ Фарҳоддухт даъват шудаанд.

Филм дар бораи дӯстии тоҷику қирғиз, ки расму оин, дин, фарҳанг ва дигар арзишҳои муштарак доранд, нақл карда, тамошобинро барои зиндагӣ кардан дар фазои сулҳу дӯстӣ даъват менамояд.

Коргардони он Тинчтик Абилқосимов ва сенариянависаш Искандар Усмонов аст.

Ба иттилои манбаъ, феълан банду басти филм идома дошта, бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва қирғизӣ пешниҳоди бинандагон хоҳад шуд.

"Чиро фаромӯш кардам?" ҳамагӣ 20 дақиқа идома мекунад.

Ин дар ҳолест, ки дар минтақаи Воруху Ботканд чанд соли ахир танишҳои марзӣ идома дорад.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 500 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар бисёри ҳолатҳо номуайянӣ дар марз боиси сар задани танишҳо миёни сокинони наздимарзӣ мегардад.

Лентаи хабарҳо
0