Ятимов дар бораи насиҳатҳои Раҳмон: шоҳон меоянду мераванд

© Sputnik / Амир ИсаевСаймумин Ятимов. Архивное фото
Саймумин Ятимов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саймумин Ятимов, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳо ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри мақола зери унвони “Хирадсолорӣ ва оини ватандорӣ” дар маҷаллаи “Илм ва ҷомеа” аз суханҳои ҳикматомези Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро таҳлил кардааст

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Раиси КДАМ дар пайи омӯзиши китоб, зери унвони “Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” изҳор доштааст, ки роҳбари давлат андешаи миллиро дар мадди аввал мегузорад.

Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Занги Президент, кафолат ва шеърхонии Ятимов: оташ назанад ҳеч касе хонаи худро

“Андешаи миллӣ барои таҳкими ваҳдати комил ва рушди устувори давлатдорӣ нақши басо муассир мебозад. Сулолаҳо, шоҳону лашкаркашон меоянду мераванд, низомҳои сиёсиву иҷтимоӣ дигаргун мешаванд, аммо андешаи миллӣ ҳамчун ганҷи бебаҳо дар масири ин таҳаввулот торафт сайқал ёфта, боз ҳам пурмазмун ва пурҷилову тобнок мешавад”, - иқтибос овардааст Ятимов аз Эмомалӣ Раҳмон.

Ятимов илова намудааст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин ба хатарҳои рӯзмарра, ки аз таъсиру таҳдиди “андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон”, иборат мебошанд, ишора менамояд. 

Муаллиф таъкид кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонбинӣ ва андешаи миллиро бо далелҳои эътироф ва эҳтироми урфу одат ва анъанаҳои деринаи мардумӣ омили муҳим барои худшиносии миллӣ мешуморад.

“Дар ин лаҳза на танҳо қудрати истодагарӣ карда тавонистани фарҳанги миллати тоҷик ба бегонагон, балки ба маънавиёти истилогарон таъсир расонидан, бар онон пирӯз гаштан ишора карда мешавад”, - овардааст “Ховар” аз қавли раиси КДАМ.

Аз ҷумла изҳороти Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст, ки аҷнабиён натавонистаанд, суннатҳои аҷдодии моро маҳв кунанду баръакс зери таъсири фарҳанги тоҷикон қарор гирифтаанд.

Просмотр на экране как правоохранительные органы производят следственную работы с задержанным членом террористической организации - Sputnik Тоҷикистон
ВУД аз боздошти се "рекет" - ҳаммаслакони Алии Бедакӣ ва муллои “занакбоз” хабар дод (НАВОР)

“Аҷнабиёне, ки дар давру замонҳои гуногун ба сарзамини ҳамешабаҳор ва ободи ниёгонамон ҳуҷум мекарданд, натавонистанд суннату оинҳои аҷдодии моро маҳв кунанд. Баръакс, фарҳанги қадимаву расму оинҳои инсонпарваронаи мо онҳоро бо гузашти айём асири хеш мегардонданд. Гузашта аз ин, бисёр аҷнабиён Наврӯзро, ҳамчун ҷашни бузургу бошукӯҳ, ба диёри худ бурдаанд ва аз арзишҳои маънавию фарҳангии халқи мо дарси ҳикмат омӯхтаанд”, - иқтибос оварда шудааст аз Эмомалӣ Раҳмон.

Саймуъмин Ятимов дар шарҳи ин изҳороти Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки ғолибияти идеяҳо – ғолибияти маънавии халқ мебошад.

“Зеро он на танҳо ҳувияти миллиро нигоҳ дошт ва ҳифз кард, балки дар набардҳои давлатсозӣ дигаронро маҷбур сохт, ки мавҷудияти миллат ва оқибат истиқлолияти онро эътироф кунанд”, - шарҳ додааст раиси КДАМ.

Ба навиштаи муаллиф, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар баробари эътироф кардани арзишҳои умумибашарӣ эътиқодманд аст, ки “ҳар халқ ба фарҳанг ва анъанаву суннатҳои миллӣ такя намуда, бо роҳи худ инкишоф меёбад”.

Лентаи хабарҳо
0