Ифтитоҳи мактаби нав дар ноҳияи Кушониён

Обуна шудан
Ҳукумати вилояти Хатлон аз ифтитоҳи мактаби ҷадид дар наоҳияи Кушониён хабар дод

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон, мактаби нави рақами 38, бо ҳузури муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирбобо Раҳматулло, муовини раиси вилояти Хатлон Амонулло Хайрулло ва дигар шахсони расмӣ ифтитоҳ гардид.

Эмомали Рахмон в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳама ба футбол: Раҳмон дар Тавилдара майдончаи варзишӣ ифтитоҳ кард

Манбаъ зикр кард, ки ноҳияи Кушониён яке аз ноҳияҳои калонтарини аграрии вилояти Хатлон ба шумор меравад. 

"Рӯзи ваҳдати миллӣ барои мардуми ноҳия ба хусус маорифчиён аз он ҷиҳат хотирмон гардид, ки дар деҳаи дурдасти Эргаш ҷамоати деҳоти Бустонқалъаи ноҳия боз як мактаби наву замонавӣ дари худро ба рӯи хонандагону омӯзгорон ва бошандагони деҳа боз намуд", -омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои манбаъ, мактаби нав аз 9 синфхона иборат буда, як синфхонаи компютерӣ бо 16 компютер ва 8 синфхонаи дигар муҷҷаҳаз бо асбобҳои аёнӣ аз фанҳои гуногун дар хизмати фарзандони мардуми ин мавзеъ қарор гирифт. Мактаб бо маблағгузории Вазорати маориф ва илм сохта шуда дар корҳои сохтмонию муҷҷаҳазгардонидани синфхонаҳо зиёда аз 9,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0