Эмомалӣ Раҳмон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро табрик кард

© Пресс-служба президента РТПрезидента Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов и президент РТ Эмомали Рахмон
Президента Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов и президент РТ Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо 62-юмин солгарди мавлудаш шодбош гуфт

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Бердимуҳаммадов рӯзи шанбеи 29-уми июн 62-солагияшро таҷлил намуд. Тибқи гузориши рӯзномаи русзабони Ҳукумати Туркманистон, “Нейтральный Туркменистан” дар баробари Эмомалӣ Раҳмон инчунин роҳбарони Русия, Чин, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Белорус, Туркия ва Арманистон Бердимуҳаммадовро бо зодрӯз табрик кардаанд.

Велосипедный спецназ: президент Туркменистана поразил всех - видео - Sputnik Тоҷикистон
Тирпарронии бехатои раисиҷумҳури Туркманистон аз болои дучарха: видео

Инчунин нашрияи Ҳукумати Туркманистон шеъри қаҳрамони ин кишвар шоира Гозел Шогулиеваро нашр намудааст, ки зери унвони  “Ангел-хранитель с тобой, почет тебе, Аркадаг!” ба зодрӯзи Бердимуҳаммадов бахшида шудааст.

Дар солҳои қаблӣ Бердимуҳаммадов зодрӯзашро бо ҷалби ситораҳои хориҷӣ ба таври густурда таҷлил мекард. Аз ҷумла соли 2013 Бердимуҳаммадов 56-солагияшро дар соҳили баҳри Каспий бо иштироки Ҷенифер Лопес, Филип Киркоров ва дигарон таҷлил намуд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 29 июни соли 1957 дар деҳаи Бабарапи ноҳияи Геок-теппаи вилояти Ишқобод таваллуд шуда, аз декабри соли 2006 то моҳи феврали соли 2007 иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур ва аз 14 феврали соли 2017 раисиҷумҳури Туркманистон мебошад.

Ӯ унвони доктори улуми тиб ва иқтисодиётро дошта, академики Академияи улуми Туркманистон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0