Интиқоди Лукашенко аз коҳиши табодули молу колои Белорус ва Тоҷикистон

© Sputnik / Валерий МельниковПрезидент Беларуси Александр Лукашенко
Президент Беларуси Александр Лукашенко  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Александр Лукашенко аз табодули молу коло миёни Тоҷикистону Белорус интиқод кард

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар пойтахти Белорус шаҳри Минск қарор дорад.

Гуфта мешавад, президент Раҳмон зимни сафари худ аллакай бо ҳамтои белорусии худ Александр Лукашенко дидору гуфтугу намуд.

Лукашенко Раҳмонро барои борон сипосгузорӣ кард

Дар рафти мулоқоти сарони ҳар ду давлат, Александр Лукашенко аз табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Белорус сахт интиқод кард.

"Белорус тасмим гирифтааст, фаъолияти мунтаззам дар сохаи иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро идома диҳад. Гардиши мол миёни Белорусия ва Тоҷикистон ки соли гузашта дар ҳаҷми 40 миллион доллари амрикоӣ сурат гирифта буд, қобили қабул нест. Бар ин боварам, ки костагии табодули молу коло миёни ду кишвар муваққатӣ буда дар кӯтоҳтарин фурсат ҳалли худро пайдо мекунад",- хабар медихад Sputnik Беларусь бо истинод ба суханони Лукашенко.

Раҳмону Лукашенко санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Роҳбари Белорус илова намуд соли дуввум аст, ки миёни Белорус ва Тоҷикистон истеҳсолоти муштарак ба роҳ монда шудааст ва барои ривоҷи ин соҳа бояд корҳои бештареро ба анҷом расонд.  

Президент пешниҳод намуд, корхонаҳое, ки ба воридоти молу маҳсулоти муштараки Тоҷикистону Белорус машғуланд, аз пардохти андоз озод сохта, бар ивази ин ҳаҷми воридоти бор, маҳсулоти сохтмонӣ ва техникаи нақлиётиро бештар ба роҳ монд.

Лентаи хабарҳо
0