ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Дар расми ифтитоҳи Муассисаи таълимии рақами 38 муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Мирбобо Раҳматулло, муовини раиси вилояти Хатлон Амонулло Хайрулло ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар рӯзи ваҳдати миллӣ дар деҳаи дурдасти Эргаш ҷамоати деҳоти Бустонқалъаи ноҳия боз як мактаби наву замонавӣ дари худро ба рӯи хонандагону омӯзгорон ва бошандагони деҳа боз намуд.
Мактаб аз 9 синфхона иборат буда, як синфхонаи компютери бо 16 компютер ва 8 синфхонаи дигар муҷҷаҳаз бо асбобҳои айёнӣ аз фанҳои гуногун дар хизмати фарзандони мардуми ин мавзеъ қарор гирифт.
Мактаб бо маблағгузории Вазорати маориф ва илм сохта шуда дар корҳои сохтмонию муҷҷаҳазгардонидани синфхонаҳо зиёда аз 9,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
“Акнун муҳасилин дар бинои зебою барҳаво ва синфхонаҳои муҷҷаҳаз бо асбобҳои айёнӣ ва бо истифода аз технологияи муосир метавонанд дониши мукамал гирифта, фанҳои дақиқро аз бар намоянд”, -таъкид намудаст манбаъ.