ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Рӯзи 3 июли соли 2019 иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад.
Ба баррасии иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №79 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар вилоят;
- ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон;
- ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, №37 Маҳмудҷон Қаюмзода;
- оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;
- тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят.
Ҳамчунин манбаъ афзуда, ки дар ин иҷлосия масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети вилоятӣ барои соли 2019, низ баррасӣ хоҳад шуд.