Боздиди Раҳмон аз Корхонаи истеҳсоли трактор дар Минск

© Котиботи раисиҷумҳурБоздиди Раҳмон аз корхонаи истеҳсолии трактор дар Минск
Боздиди Раҳмон аз корхонаи истеҳсолии трактор дар Минск - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Корхонаи истеҳсоли трактор ошно шуд

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Рӯзи 29 июн дар шаҳри Мински Беларус дар доираи сафари расмӣ Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Корхонаи истеҳсоли трактор ошно шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи мазкур яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Беларус буда, бо Тоҷикистон ва зиёда аз 70 давлати олам ҳамкорӣ дорад.

"Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии корхона намунаи муосиртарин техникаҳои кишоварзии истеҳсоли Корхонаи истеҳсоли тракторҳо муаррифӣ карда шуд",-омадааст дар хабарнома.

Президент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ва Лукашенко ба якдигар чӣ ҳадя карданд?

Раҳмон зимни шиносоӣ бо тракторҳои корхона омодагии Тоҷикистонро барои бунёди корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои дигар, афзоиши истеҳсоли трактор, истифодаи имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкории зичу пурсамар ва судовар барои ҳар ду ҷониб, изҳор доштанд.

Бунёди чунин корхонаҳои муштарак дар оянда метавонад барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, таъмини хоҷагиҳои мамлакат бо техникаи кишоварзӣ, амалӣ кардани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намояд.

Таъсиси Корхонаи бастубанди тракторҳо ва Маркази хизматрасонии техникаҳои кишоварзӣ «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко намунаи беҳтарини ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Беларус мебошад.

Дар намоишгоҳ ба президент ҳамчунин техникаҳои гуногунҳаҷми борбардору боркаши сохтмонӣ ва мусофирбари Корхонаи истеҳсоли мошинҳои «МАЗ»-и Ҷумҳурии Беларус муаррифӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти корхонаҳои истеҳсоли мошин даъват кард, ки дар татбиқи лоиҳаҳои калони гидроэнергетикии Тоҷикистон ширкат варзида, иқтидору имконоти худро дар бозори Тоҷикистон муаррифӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0