Раҳмону Лукашенко санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВстреча Президента Беларуси Александра Лукашенко и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона
Встреча Президента Беларуси Александра Лукашенко и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Белорус ба имзо расиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Президент России Владимир Путин, президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Белоруссии Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
"Путин меояд, секаса суҳбат мекунем": Лукашенко ба Эмомалӣ Раҳмон

Манбаъ афзудааст, ки нахуст зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ва Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко имзо гузоштанд.

Ҳамчунин аз ҷониби ҳайати расмии ду кишвар санадҳои зерин имзо гардиданд:

Созишнома байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус;

Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот;

Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ вобаста ба истифодабарии захираҳои генетикии растаниҳо ва ҳайвонот;

Официальный визит президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Минск - Sputnik Тоҷикистон
Бо нону намак: истиқболи гарми Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Минск

Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва сайёҳии Беларус;

Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;

Барномаи иҷроияи Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории илмӣ — техникӣ ва инноватсионӣ барои солҳои 2019-2020;

Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус;

Эмомали Рахмон расчувствовался вспоминая о маме - Sputnik Тоҷикистон
Синнам ба як ҷой расид: насиҳати Эмомалӣ Раҳмон ба набераҳояш - видео

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Беларус;

Созишнома байни Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Белорусбанк”-и Ҷумҳурии Беларус дар бораи ҳамкории байнибонкӣ.

Боиси хушнудист, ки бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ба сатҳи шарикии стратегӣ расид, ки ин албатта барои таъмиқи муносиботи ҳамкорӣ заминаи воқеъӣ фароҳам месозад.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0