Имрӯз раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко ҳангоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, пагоҳ мулоқоти се кишвар – Белорус, Русия ва Тоҷикистон баргузор мегардад.
Казансев бар он аст, ки тарафҳо на танҳо дар атрофи як масъала суҳбат хоҳанд кард. Роҳбарони кишварҳо метавонанд масоили шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баррасӣ намоянд.
“Ҷонибҳо ба ҳар ҳол масоили рушди тиҷоратӣ дар ҳудуди ИДМ, рушди минбаъдаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва пайвастани он ба лоиҳаи “Як камарбанд, як роҳ”-ро баррасӣ намоянд. Чунки дар ин роҳ нақши Осиёи Миёна хело муҳим аст. Масалан, ҳоло дар Тоҷикистон ширкатҳои сармоягузории чинӣ хело зиёд мебошанд, ки ба сохтумони роҳҳои гуногун ва муҳайё намудани имконоти ҳамкорӣ на танҳо бо кишварҳои пасошӯравӣ, балки бо Аврупоро низ пайдо мекунад”, - гуфт коршинос дар мусоҳиба ба Sputnik Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расми дар Минск, пойтахти Белорус қарор дорад. Ӯ то рӯзи 30-уми июн дар он ҷо мемонад. Владимир Путин бо даъвати Лукашенко ба рӯзи шанбе ба Белорус меравад.