Ёдгор Файзов: аҷдодони мо танҳо як сарватро гиромӣ доштанд

© © Россия для всехДиректор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото
Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов гуфт, ки аҷдодони халқи тоҷик кадом сарватро гиромӣ медоштанд

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Рӯзи 27 июн дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ба ифтихори ҷашни бузурги Ваҳдати миллӣ бо ширкати раиси вилоят Ёдгор Файзов, раиси Хоруғ Кишвар Шамирӣ, роҳбарону намояндагони сохторҳои қудратӣ, меҳмонони хориҷӣ, кормандони идораву сохторҳои маҳаллӣ тантанавӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раиси шаҳр, нахуст, аҳли Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, собиқадорони меҳнат, роҳбарияту омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, масъулину кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва дигар идораву сохторҳои вилояту шаҳр аз пеши Донишгоҳ то Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Чорбоғ” бо аксу шиор ва овезаҳои Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчаму Нишон ва дигар муқаддасоти миллӣ ҳаракат намуданд.

Город Душанбе сверху - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон

Ҳозирин аз намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, сипас дар майдони фарҳангии боғ ҷамъ омаданд.

Қабл аз оғози чорабинии фарҳангӣ раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ суханаронӣ намуда қайд кард, ки маҳз ташаббуси созандаи Эмомали Раҳмон буд, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва миллати тоҷик сарҷамъу иттиҳод гашт.

Ба таъкиди Кишвар Шамирӣ воқеан Созишномаи сулҳи тоҷикон дар таърихи навтарини инсоният ҳодисаи нодиртарине аст, ки мислашро ягон кишвари ҷангзадаи дунё ё худ минтақа надидааст. Он халқи моро аз гирдоби ҳалокату парокандашавӣ наҷот дода, барои инкишофи ояндаи кишвари кӯҳанбунёд, бунёди давлатдории навину рушди сарзамини аҷдодӣ роҳи дурахшон кушод.

Ёдгор Файзов афзуд, ки Ваҳдату Истиқлолият барои миллати тоҷик беҳтарин ва бузургтарин неъмат буда, дар он наҷоти воқеии миллат таҷассум ёфтааст:

"Аҷдодони мо ҳанӯз аз давраҳои пеш танҳо як сарвати бебаҳоро гиромӣ доштанд, ки он тинҷию оромӣ ва ваҳдати комил аст. Мо ҳам дар навбати худ масъулем, то ин неъматро беолоишро ба наслҳои баъдина расонем".

Дар интиҳо барномаи рангини консертӣ аз тарафи беҳтарин ҳофизону санъаткорони вилоят ва ҳаваскорон пешкаши иштирокдорон гашт.

Лентаи хабарҳо
0