Боздошти зани 48-сола барои ташкили фоҳишахона

© AFP 2023 / STRРаботница коммерческого секса с клиентом, архивное фото
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсия Тоҷикистон занеро дастгир намуданд, ки хонаи худро бар ивази 350 сомонӣ барои алоқаи ҷинсӣ ба шаҳрвандон месупоридааст

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik.  Кормандони милитсия зани 48 солара бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари манбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳзангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 48-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Кровать в номере, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти зани 28 сола дар шаҳри Бӯстон барои ташкили фоҳишахона

Тавре манбаъ қайд намудааст, номбурда 22 июни соли равон, хонаи ба иҷора гирифтаашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан, шароит фароҳам овардаааст.

Зани 30-сола сокини пойтахт хонаи писари амакро ба фоҳишахона табдил додааст

Номбурда хонаи ба иҷора гирифтаашро ба ҷавони 24-солаи сокини ҳамин шаҳр ва зани 29-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, бар ивази 350-сомонӣ мукофотпулӣ супоридааст. 

Боздошти зани 35-сола, ки дар шаҳри Хуҷанд фоҳишахона ташкил кардааст

Ёдрас мешавем, ки ахиран кормандони милитсияи шаҳри Бӯстон зани 28-солаеро боздошт намуданд, ки хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода буд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия Тоҷикистон нисбати ҳодиса тафтишотро идома доранд.

хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба зани 24-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд шароит муҳайё намуда, аз онҳо 250 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0