Таҷлили ин ҷашн 27 июни соли 1998 бо фармони раисҷумҳуриии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шарофати дар ҳамин рӯз ба имзо расонидани “Созишнома дар бораи сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон” ба расмият даромад.
Чун анъана ин ҷашн ҳар сол дар яке аз шаҳрҳои кишвар бо иштироки раисҷумҳури кишвар таҷлил карда мешавад. Иди Ваҳдати миллӣ имсол дар ноҳияи Рашт таҷлил карда шуд. Таҷлили бо тантанаи ин иди барои миллати тоҷик азиз аз рӯзи 26 июн бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда буд.
“Ваҳдати миллӣ барои мо дар ҳақиқат ҳодисаи таърихист, зеро маҳз бо шарофати ӯ мо тавонистем давлатамонро аз нестшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ раҳо кунем. Тавонистем парокандагиҳое, ки дар натиҷаи ҷанги хонумонсӯз ба миён омада буданд ҷобаҷо карда таъмини рушди кишварро ба роҳ монем”, - қайд кард дар суханҳои табрикотиаш Эмомалӣ Раҳмон.
Мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июн ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ истироҳат эълон шудааст.