Танҳо пирӯзӣ лозим буд: “Истиқлол” аз сабқатҳо барои ҶКО – 2019 канор монд

© акс аз сомонаи ФФТМухлис баъди шикасти тими "Истиқлол" дар Душанбе
Мухлис баъди шикасти тими Истиқлол дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими “Истиқлол”, қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаи футбол аз сабқатҳо барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи Осиё – 2019 канор монд

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар гуруҳи “D” баъди мусовӣ бо  тими “Олтин Асир”-и Туркманистон мақоми дуюм гирифта, аз ҳаққи идомаи қувваозмоӣ барои Ҷоми Конфедератсияи Осиё – 2019 маҳрум гардид.

Бозии даври шашум миёни “Истиқлол” ва “Олтин Асир” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе 26 июн баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Ин натиҷа ба қаҳрамони Туркманистон имкон дод, ки дар гуруҳ мақоми аввалро соҳиб шаваду ба марҳилаи баъдии ҶКО-2019 барояд.

© ФФТЧемпион Таджикистана душанбинский «Истиклол» завершил свое выступление в Кубке АФК-2019, заняв второе место в группе «D»
Танҳо пирӯзӣ лозим буд: “Истиқлол” аз сабқатҳо барои ҶКО – 2019 канор монд - Sputnik Тоҷикистон
Чемпион Таджикистана душанбинский «Истиклол» завершил свое выступление в Кубке АФК-2019, заняв второе место в группе «D»

Тими “Истиқлол”-ро дар ин сабқат танҳо пирӯзӣ метавонист қонеъ кунаду дар қувваозмоиҳо барои Ҷоми Конфедератсияи Осиё нигоҳ дорад, ки ҳосил нашуд. Голҳоро дар ин қувваозмоӣ Олтинмурод Аннадурдиев аз “Олтин Асир” дар дақиқаи 49-ум ва Фатҳулло Фатҳуллоев аз “Истиқлол” дар дақиқаи 58-ум ба ҳадаф расонданд.

Тими дигари Тоҷикистон – “Хуҷанд” дар даври шашуми мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи Осиё – 2019 дар меҳмонӣ аз тими “Дордой”-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда, дар охири гуруҳ ҷой гирифт.

Лентаи хабарҳо
0