Дар Суғду Хатлон борон, вале дар Душанбе ҳавои гарму бебориш дар назар аст

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанУкрашение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии
Украшение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш  мешавад.  Ҳаво шабона 15+17 ва  рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда дар назар аст. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду  барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20  ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Природа Памира - Sputnik Тоҷикистон
Обуҳаво барои имрӯз: барфу борон намеборад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои  ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 22+27 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва  рӯзона 10+15 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва   рӯзона    16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда, дар доманакӯҳҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0