Сарбоз барои мушт задан ба чашми сержант ҳукми шартӣ гирифт

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкОбед в столовой
Обед в столовой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе сарбози қаторӣ Носирҷон Содиқовро барои муштзанӣ ба чашми сержанти хурд Ҷалолиддинхон Салоҳиддинхонов шартан ба як соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳ, Содиқов Носирҷон Шокирҷонович аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд моҳи октябри соли 2017 ба хизмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии Вазорати мудофиа сафарбар карда шуд.

Открытие новой казармы в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Як соли маҳрумият аз озодӣ барои дашному харошидани гардани ҳамхидмат

Манбаъ афзуд, ки ҷанҷол миёни сарбоз Содиқов ва сержант Салоҳиддинхонов моҳи майи соли равон рух додааст.

Бар асоси иттилоия, Содиқов аз 3 то 4 майи соли 2019 навбатдори ошхонаи қисми ҳарбӣ  таъин гардида буд.

“Худи ҳамон рӯз тахминан соати 20:00 дақиқа барои истеъмоли хуроки шом ба ошхона сержанти хурд Салоҳидинхонов Ҷалолиддинхон Ҷамолиддинхонович, ки дар наряди патрулӣ буд бо ҳамроҳии ҳамхизмати худ сарбози қаторӣ Шарипов Раҷабалӣ Ғайратович омаданд. Ин ҷо Содиқов аз сабаби он, ки хӯроки шом тайёр  нашуда буд Салоҳиддинхонов ва Шариповро аз ошхона пеш менамояд”, - омадааст дар иттилоия.

Додгоҳ мегӯяд,  Салоҳидинхонов фаҳмондааст, ки бояд ҳарчӣ зудтар ғизо истеъмол кунаду ба навбатдорӣ баргардад, аммо Содиқов аз ин суханони сержант ба  ғазаб омада, гиребонгири ҳамдигар шудаанд.

Берцы - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи Душанбе сарбози каллазанро ҷазо дод

Ҷанҷоли ин хизматчӣ дар пушти ошхона давом карда, Содиқов бо мушти дасти росташ ду-се маротиба ба чашми рости Салоҳидинхонов зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати ҷисмонии сержанти хурд дар намуди хуномос ва хунрезиш дар мавзеи чашми ростро муайян кардааст, ки тезгузар буда, мансуб ба зарари саломатӣ дониста нашудааст.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Содиқов Носирҷон Шокирҷоновичро бар асоси моддаи 373 қисми 1 Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста, шартан ба як соли зиндон маҳкум кардааст.

Лентаи хабарҳо
0