ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Гимнастбозони навраси Тоҷикистон дар ин мусобиқа сазовори 5 медал – 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, Даря Галчанская, соли таваллудаш 2010 ва Баҳор Мухакова, соли таваллудаш 2007 дар синну соли худ дар машғулиятҳо бо ҳалқа сазовори медали нуқра ва дар машғулиятҳои инфиродии чандҳарба сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.
Медали дигари биринҷиро Жасмина Нурматова, соли таваллудаш 2011 дар машғулияти инфиродии чандҳарба ба даст овард.
Гимнастбозон шогирдони мураббиён Виолетта Шин ва Миҷгона Шарипова мебошанд ва дар Мактаби захираҳои олимпии №1-и шаҳри Душанбе омӯзиш мебинанд.