ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Шаҳрвандони хориҷие, ки ҷаримаи бастаи мақомоти Русияро барои нақзи қонуни ҳаракати роҳ пардохт накардаанд, наметавонанд ба Русия ворид шаванд. Дар ин бора вазири умури дохилаи Русия Владимир Колоколсев изҳороти вижа додааст.
"Нақша дорем, бо хадамоти гумрук пойгоҳи иттилоотии муштарак ташкил кунем. Дар натиҷа имкон пайдо мекунем, ки пардохти ҷаримаҳоро зери назорат гирем. Агар ҳангоми вуруди муҳоҷирон ба Русия маълум шавад, ки ҷаримаро пардохт накардаанд, то пардохти он, даромадан ба Русия барояшон муваққатан мамнӯъ мекунем", - гуфтааст Колоколсев.
Ин дар ҳолест, ки феълан дарРусия барои шаҳрвандони хориҷӣ кор дар нақлиёти ҷамъиятӣ мамнӯъ аст. Пештар пешниҳод карданд, ки барои муҳоҷирон кор дар такси низ мамнӯъ шавад.
Вакилони парлумони кишвар низ ин пешниҳодро қабул кардаанд.
Феълан мувофиқи қонунгузории Русия, ронандаҳои хориҷӣ бояд дар Русия аз нав таҳсил карда, шаҳодатномаи ронандагии русиро ба даст оранд.