Ҳавои тафсон: гармии ҳаво дар вилояти Хатлон то 40 дараҷа мерасад

© AP PhotoУзбекские женщины беседуют на улице, архивное фото
Узбекские женщины беседуют на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар вилояти Хатлон рӯзона гармии ҳаво ба 35-40 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии  обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш  мешавад.  Ҳаво шабона 15+17 ва  рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда дар назар аст. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду  барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20  ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Город Дангара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳавои гарму тоқатфарсо: дар пойтахт ҳаво то 36 дараҷа мешавад

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои  ғарбии он борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 22+27 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 10+15 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.    Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва   рӯзона    18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0