Сокинони Рашт барои ҳизби ҳоким бинои нав сохтаанд

© Sputnik / Амир ИсаевПредвыборные плакаты НДПТ. Архивное фото
Предвыборные плакаты НДПТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Рашт мавриди баҳрабардорӣ қарор дод

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, иншооти мазкур дар шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷойгир буда, аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳия бо ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебову муосир сохта шудааст.

Эмомали Рахмон посетил село Холибеки и Хумдон - Sputnik Тоҷикистон
Табақи калони чӯбии нурободиҳо ба Президент: тӯҳфаи сокинон ба Раҳмон - Видео

“Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Рашт аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюми он маҷлисгоҳ ва 9 утоқи барҳавои кории муҷаҳҳаз бо ашёи зарурӣ барои кормандони ҳизб омода гардидаанд”, - иттилоъ дод котибот.

Манбаъ афзуд, дар ҳудуди иншоот барои ба талаботи меъёрҳои меъморӣ мутобиқ кардан саҳни ҳавлӣ сафолакпӯш ва атрофи он сабзазору гулкорӣ шудааст.

Котиботи раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки сокинони ноҳия, аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ҳамаҷониба сиёсати созандаи Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ карда, дар рушду пешрафти соҳаҳои муҳими ноҳияи Рашт саҳми сазовор мегузоранд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба сифати сохтмон баҳои баланд дода, ба мардуми ноҳия барои ҷонибдории ҳадафҳои созанда изҳори сипос кардааст.

Лентаи хабарҳо
0