Фардо Тоҷикистон рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил хоҳад кард. Маҳз ҳамин рӯз 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав миёни ҳукумати вақти Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ хотима гузошт. Аз ҳамон замон ин сана дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ин санад ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 то 1997 идома ёфта буд, хотима бахшид.
Бижев таъкид кард, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Русия фаъолона ба ҷумҳурӣ кумаки низомию техникӣ мекард.
Раҳмон гуфт хисороти ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бештар буд
“Русия барои истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон кумаки зиёд намудааст. Ҳоло ҷумҳурӣ яке аз аъзои фаъоли ИДМ мебошад. Русия то имрӯз Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад. Тоҷикистон дар марзҳои ҷанубии Русия мавқеи муҳим дорад, ба хотире, ки ҷумҳурӣ бо Афғонистон марзи муштарак дорад ва аз он тараф таҳдиди хатар мавҷуд аст, ба ҳамин хотир Русия кумакҳои худро барои пурқудрат намудани артиши ин кишвар идома хоҳад дод”, - гуфт коршинос дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки вазъи мушкили иқтисодӣ, мусибати экологӣ ва мухолифати дуру дароз ва шадиди кланҳо, ки дар Тоҷикистон дар он солҳо сурат гирифта буд, барои оғози ҷанги шаҳрвандӣ замина гузошт. Сабаби муқобилияти шимолу ҷануби Тоҷикистон маҳз аз ҳамин омил сар задааст.