Эмомалӣ Раҳмон ба 36 ҷавон квота дод - акс

Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикобод ба 36 ҷавон квотаи таҳсил дод

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба Тоҷикобод бо фаъолону сокинони ноҳия ддиору мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳия супориш додааст, ки ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо ва сатҳу сифати иншооти бунёдшавандаро зери назорати қатъӣ гирифта, барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинон ҷораҷӯӣ намоянд.

"Дар ҳамин ҷо бо дастгирии сарвари давлат 36 ҷавон, аз ҷумла як ҷавонписар барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии кишвар роҳхат гирифтанд",-омадааст дар хабарнома.

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанШкольник на встрече президента Таджикистана Эмомали Рахмоном с жителями Таджикабада
Эмомалӣ Раҳмон ба 36 ҷавон квота дод - акс - Sputnik Тоҷикистон
Школьник на встрече президента Таджикистана Эмомали Рахмоном с жителями Таджикабада

Манбаъ афзуда, ки пас аз анҷоми суханронии Раҳмон аз номи сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла ҷавонон ва собиқадорон — Ширинмоҳ Ширинбекова, Зайналобиддин Муҳадбеков, Сулаймони Аҳтам ва Давлатмурод Балаев баромад карда, барои дастгириҳо ба президент изҳори сипос карданд.

Лентаи хабарҳо
0