Хело ҷавону бетаҷриба будам: ёди Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои президентиаш - Видео

Обуна шудан
Дар клуби колхозии Кохи Арбоб минбаре набуд, тахтаеро зада будаданд, ки нақши столро иҷро мекард ва ба наздам як варақи холиву қалам гузоштанд. Он вақт на ҳукумат буд, на раиси ҷумҳур ва на ёрдамчие доштам, ба ёд меорад Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Нуробод аввалин рӯзҳои давлатдориашро ба ёд оварда, нақл кардааст. Ӯ таъкид намудааст, ки вақте ба симати роҳбарӣ расид, ҳамагӣ 40 сол дошту таҷрибаи кофӣ низ надошт, аммо мардум дастгирӣ намуданд.

Мирзомиддин Аслонов, ном сокини ноҳия дар назди раисҷумҳур суханронӣ намуда, аз корнамоиҳои президент ёдрас шудааст. Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар посух гуфтааст, ки "агар мардум маро дастгирӣ намекарданд, ба ин рӯз намерасидам".

"Агар мардум моро дастгирӣ намекард, он вақт як кадри бисёр ҷавон будем, он қадар таҷрибаи кофии давлатдорӣ надоштам, ба ин рӯз намерасидем. Ман шукрона мекунам, ки хурду бузурги миллати тоҷик дар паҳлӯи ман буданд ва дастгирӣ мекарданд. Бисёр ҷавон будам ва нав 40-сола шуда будам", - таъкид кардааст вай.

Эмомалӣ Раҳмон дар ишора ба минбаре, ки суханронӣ мекард, гуфтааст, ки он вақт чӯб нақши минбарро иҷро мекард.

"Ин минбари бисёр зебо аст, дар Кохи Арбоб, клуби колхозӣ буд, тахта зада буданд, ки нақши столро иҷро мекард ва ба наздам варақ гузоштанду қалам,  на ҳукумат буд, на раиси ҷумҳур ва на ёрдамчӣ доштам", - ба ёд овардааст аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ.

"Ин хизмати танҳо ман нест, хизмати қаҳрамононаи тоҷикон аст, ки ба ин рӯз раисдем. То ҳастам ба миллатам хитзмат мекунам. Сипосгузорам, ки мардум сиёсати маро дастгирӣ карданд", - таъкид доштааст кишвардор.

Ман вақти пешвозгирии сокинон аҳамият додам - ба чеҳраи ҷавонон, занон, дастархонороӣ, нигоҳ кардам ва рӯзҳои сахт ба ёдам омад - ҳама дар ғами ҷон будем, оё зинда мемонем, оё сулҳ мешавад, на хонаи ҳамсоя рафта метавонистему ҳукмфармо силоҳбадастон буданд, афзудааст раисҷумҳур.

"Ҳоло ҳам ҳушёр буданамон лизим аст. Мо яроқи ҳастаӣ надорем, бузургии миллат - ваҳдати  миллӣ  ва сарҷамъӣ аст. Агар ваҳдати миллӣ ҷовидона бошад, ягон абарқудрат ба кишварамон биниашро дароварда наметавонад", - таъкид доштааст президент.

Пештар хабар дода будем, ки дар ноҳияи Нуробод ба раисҷумҳур сокинон табақи калони чӯбӣ ҳадя карданд.

Раисҷумҳур дар анҷоми суханронӣ барои пешвозгирии сокинон изҳори сопос кард.

Лентаи хабарҳо
0