Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба водии Рашт рафт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳадафи сафар иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун ва суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинон ба ноҳияҳои водии Рашт мебошад.
Боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт аз ноҳияи Сангвор оғоз гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор нахуст майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор додааст, ки ба иттилои котибот дар масоҳати 540 метри мураббаъ сохта шудааст.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии маркази савдои “Давлатҷон”, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Давлатов сохта шудааст, оғози расмӣ бахшид.
Дар пайи ба истифода додани маркази тиҷоратӣ Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 60 нафар кӯдаки ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Сангвор туҳфаҳои идона тақдим намуд.
Ноҳияи Рашт барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ 4 хатсайри нав ташкил кард
Зимнан Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор Парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд
“Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори рӯзи Ваҳдати миллӣ бунёд шудааст. Паҳноии матоъи Парчам 7 ва дарозияш 14 метрро ташкил намуда, атрофии он ба масоҳати 735 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.”
Инчунин рохбари давлат дар ноҳияи Сангвор аз гӯшаи намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуд.
Бино ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки расму анъанаҳои мардуми кӯҳистонро таҷассум мекарданд, ба маъраз гузошта шуд.
Раисиҷумҳур ҳунари волои кадбонуҳои ин ноҳияи дурдасти кишварро,тавсиф намуда ба занони таҷрибадори ноҳияи Сангвор дастур дод, ки ба духтарони ҷавон тарзи омода намудани нонҳои болаззатро омӯзанд.
Эмомали Раҳмон дар ноҳияи Нуробод марҳилаи якуми роҳи марказии шаҳраки Дарбандро ифтитоҳ намуда, ба марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур оғоз бахшид. Гузашта аз ин сарвари давлат дар ноҳияи Нуробод ба фаъолияти Маркази савдо, майдончаи футбол ва Корхонаи фаръии давлатӣ ҳусни оғоз бахшид.